ПАЁМИ МИЛЛАТИ ПОКСИРИШТ! Бардошти Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ
ДУШАНБЕ, 31.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар поёни соли 2024 агар мо аз дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кунем, ба андешаи мо, беҳтарин ва хуҷастатарин дастоварди миллии мо, ки аз рӯзҳои нахустини бунёди Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон пайгирӣ мешуд, ин руҳияи миллӣ аст. Руҳияи миллӣ, ки аз сиришти ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон сарчашма гирифта, ҳама сокинони он ва ҳатто тоҷикони берун аз марзи имрӯзаи мамлакатро низ фаро гирифт. Руҳияе, ки ҳам худшиносии миллӣ ва ҳам ифтихори миллиро боло бурд. Руҳияе, ки ҷавшану сипари миллати мо дар ин замони ноором бар зидди ҳама таҳдидҳои ҷаҳонӣ, ҳама душманони миллии мо ва ҳама ноамниҳои олами муосир гардид. Агар ин руҳияро дар оғози даврони Истиқлоли далатӣ танҳо дар сиришти Пешвои миллат ва фарзандони наҷиби мамлакату равшанфикрони мамлакат эҳсос мекардем, имрӯз он ҳама хурду бузург ва сокинони ҷумҳуриро фаро гирифтааст. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.
Ба андешаи шоир, ин хеле муҳим аст, зеро танҳо руҳияи баланди миллӣ метавонад кафолати мавҷудияту пирӯзии халқи моро фароҳам оварад. Яъне руҳияи миллӣ ҳамеша дар сиришти мардуми тоҷик маҳфуз буд. То даме ки ҳамин руҳияи миллӣ дар сиришти мо зинда аст, миллати фархундаи мо ва халқи некманишу заҳматпарвари мо зиндаю поянда хоҳад буд.
Дастоварди дигаре, ки муҳим асту метавонад кафолатбахши пирӯзиҳои миллии мо бошад, бешубҳа, бунёд ва эҳёи маънавиёти миллӣ аст. Эҳё ба он маънӣ, ки тоҷикон аз қадимулайём дорои маънавиёти баланд буданду таърих ва ҷаҳон онро эътироф кардааст. Барои бунёди маънавиёти миллӣ ва эҳёи таърихии он низ аз рӯзҳои оғози даврони Истиқлоли давлатӣ пайваста чораҳои зиёд амалӣ мешуданд. Бунёди муқаддасоти миллӣ, таҷлили бузургдоштҳои маънавӣ, хусусан бузургдошти забони давлатӣ ва ҷашнҳои шахсиятҳои таърихии илму адабу фарҳангу давлатдории гузаштагони мо то ба фароҳам овардани тантанаи маросими миллӣ, аз ҷумлаи Наврӯзу Садаву Меҳргону Тиргон, эҳёи ҳунарҳои касбӣ, либоси миллӣ ва дигарон аз ин ҷумла буданд. Инҳо ҳама саҳми бузурге дар фароҳам овардани маънавиёти мо доштанд. Ва оқибат, дар таҳкими маънавиёти миллии мо, хусусан эҳёи навини он ҳамин озмунҳои солҳои охир, аз ҷумла озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», озмуни ««Тоҷикон» дар оинаи таърих» ва ғайра, ки бо ташаббус, иқдом ва роҳнамоию дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола гузаронида мешаванд, нақши бениҳоят бузург бозиданд.
Дар мавриди дастовардҳои муҳими солҳои охир ва аслан замони соҳибистиқлолӣ борҳо гуфтаему мегӯянд. Ин ҷо падидаҳое ҳастанд, ки хеле муҷаллоянду наметавон онҳоро инкор кард. Муҳим ин аст, ки ин дастовардҳо пайваста меафзоянду ба симои ҳам маънавӣ ва ҳам зоҳирии сарзамини куҳанбунёди мо ҳусну намои тозатару зеботар мебахшанд.
Ин дастовардҳо ҳам дар мавриди баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, ҳам дар мавриди пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, хусусан кишоварзӣ, саноату сохтмон ва ҳам, чунонки гуфтем, дар соҳаи маънавиёт: илму адабу фарҳанги миллӣ дар сатҳи қаноатбахш ва олӣ идома доранд.
Дар ростои ин бояд дастовардҳои миллии замони соҳибистиқлолии моро дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ низ баён дошт. Пешвои миллати мо ва Ҳукумати Тоҷикистон тавонистанд Парчами миллии ковиёнии мамлакати моро дар баландтарин арсаҳои ҷаҳон боло бардоранду парафшон созанд. Имрӯз Президенти Тоҷикистон ва давлати тоҷиконро бо вижатарин ташаббусҳою нодиртарин иқдому пешниҳод ва амалиёти самарабахш ба манфиати инсонияту сайёра мешиносанду ба онҳо арҷ мегузоранд. Тақдирсозтарин масъалаҳои сайёраи Замини мо имрӯз тавассути ташаббусҳои Сарвари тоҷикон аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон мавриди омӯзишу пайгирӣ ва иҷро қарор гирифтаанд.
Ахиран боз як пешниҳоди ҷиддии Пешвои миллати мо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди эълон доштани солҳои сулҳ, фароҳам овардани солҳои бе ҷангу хунрезӣ дар сайёра садо дод, ки инсоният наметавонад нисбат ба он бетафриқа бошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки кишварҳои олам бояд аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигиранд. Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.
Ин иқдом бори дигар аз сулҳофару ваҳдатпарвар будани миллати тоҷик гувоҳӣ дода, беҳтарин муждае барои тамоми башарият хоҳад буд. Зеро сулҳу субот ва оромишу осоиштагӣ асоси пешрафт, зиндагии арзанда, рушди босуботи ҷомеа ва волотарин арзишҳои инсоният маҳсуб мешаванд. Ҳамзамон зарур дониста шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсади расидан ба рушди устувор иқдоми фаъолтарро амалӣ намоянд.
Давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва миллати озодаминиши тоҷик пас аз расидан ба Истиқлоли давлатӣ ба тамоми ҷаҳон исбот карданд, ки миллати соҳибтамаддуну хайрхоҳ ва башардӯсти тоҷик таҳти сарварии Пешвои худ ба ҳамон идеяҳо ва таълимоти баланди инсонӣ, ки бунёдаш амнияту осоиш, сулҳу ҳамҷаворӣ ва илму адабу инсонигарӣ мебошад, содиқ мондаю бо сиёсати сулҳпарварона, башардӯстонаю дарҳои боз саҳми бузурги худро дар ҳифзи ягонагии башарият ва пойдории сулҳ ва зиндагии сабзу хуррам дар сайёраи Замин мегузорад.
Ин далел, ки имрӯз Тоҷикистони мо ба давлати дорои амнияти баланд, сарзамини осоиштаю соҳибамн, мамлакати сулҳпарвари шукуфо, ки боғу бӯстонро мемонад, табдил гардидааст, ҷойи инкору шубҳа надорад. Бунёдкорию созандагӣ, сабзу хуррамсозии муҳити атроф, ҳадафҳои волои фароҳам овардани сатҳи баланди зиндагӣ, сиёсати сулҳу салоҳ ва башардӯстонаю инсонпарваронаи Ҳукумати мамлакат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба ояндаи неку боз ҳам шукуфотар бовар мекунонанд.
ПАЁМИ МИЛЛАТИ ПОКИЗАҶОН!
РУҶӮИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ман дар ин ҷо,
Дар баландои Бадахшони садоқат,
Дар баландои Зарафшони асолат,
Бо фари Хатлони лотасхир,
Дар Ҳисори меҳру шафқат,
Дар канори қалъаи нанги Хуҷанди бостон,
Дар биҳишти сабзи Раштон,
Дар баландои муҳаббат,
Дар баландои ҷаҳонам!
Ман дар ин ҷо дар баландои сиришти миллати некӯманиш,
Ҳамчу тандеси фари озодагон,
Тозаву озодарӯ, озодаҷон
Дар баландои замонам!
Ман дар ҷо дар баландои сухан
бо шеъри ноби Рӯдакӣ, Хайём, Мавлонову Саъдиву Камол,
Ман дар ин ҷо дар баландои сиришти Бӯҳанифа,
дар баландиҳои имонам,
Дар канори сарзамини маънавии бекаронам!
Дар баландиҳои суннатҳои неки миллати озодаҷонам!
Двр баландои замини файзбори тоҷиконам!
Бо фурӯғи тоза,
Эҳёи навини Тоҷикистонам!
Шоҳиди эҳёи ман бош,
Шоҳиди эҳёи ман, яъне, ки эҳёи Сада,
Тиргону Меҳргон,
Эҳёи Наврӯзи аҷам!
Рамзи пирӯзии сулҳу одамиву хайрхоҳӣ,
Рамзи пирӯзии некӣ,
Рамзи пирӯзӣ ба сад ҷабру ситам.
Рамзи пирӯзии фарҳангу хирад бар ҷаҳли олам.
Ҷоми ҷамшедӣ зи баъди асрҳо саршори ишқу меҳр
дар дасти ман аст,
Нури “Минӯи хирад” дар дидагонам,
Ҳикмати Зардушту анвори “Авасто” дар равонам,
Ковиёнӣ Парчами адли фаридунӣ ба дастонам,
Ман намои сулҳу ишқу адлу пирӯзии халқи покҷонам,
Сарбаландии ниёконам!
Тоҷикам, аз Тоҷикистонам!
Ман Эмоми адлу осоиш,
Ман намои раҳми Раҳмонам!
Ман дурудам, ман сурудам,
Ман саломи сарзамини бостонам,
Ман дуои миллати покизаруҳамро
Бар замину осмонҳо мерасонам!.
Ман зулолии сиришти миллатамро
Бо паёми обҳои тоза аз бунёди покаш
Бар тамоми ташнагони рӯи олам бурдаам!
Бо ҷилои ишқу уммеду сафои амну бовар
Сулҳро, ҳар ҷо ки рафтам,
Рӯи дастонам чу парчам бурдаам!
Ашкҳои тифлакони бепадарро карда пок аз гунаҳошон,
Аз сиришти ҳар ятиме ғуссаву ғам бурдаам.
Нест акнун дар диёри ман ятиме бепадар!
Аз варои шишаҳои ашки тифлони ятим
Кардаам бар оламу одам назар.
Миллати ман миллати амну амонист,
Ҳеҷ ҷойи рӯи олам
Ҳамшабеҳи Тоҷикистони биҳиштосои ман,
Ин қадар хушрангу зебо нест!
Лек зеботар аз он одобу завқу табъи ин халқ аст,
Аз ҳамин рӯ,
Бо ҳама ҷабре, ки қисмат бар сари ӯ баст,
Бо ҳазорон бори армон,
Бо ҳазорон дард
Миллати адловари ман монда умре бешикаст!
Меҳани ман зодгоҳи эй басе нобиғагон аст,
Меҳани ман сарзамини ҷумла ойинҳои неки ин ҷаҳон аст,
Аз футувват, яъне, ойини ҷавонмардӣ,
То ба кашфи эй басе асрори кайҳон,
Кошифи илми ҳисоб аз сифр то арқоми бепоён,
Миллати бунёнсози аввалин қонуни ақвоми башар,
Аввалин тақвими беҷурми ниёкон дар ҷаҳон….
Ман чӣ гӯям миллати вораставу фархундаамро
Дастовезаш зи таърихи гарони асрҳо
Дар шумори ишқу сулҳу дӯстиву хайру амнийят
беҳисоб аст.
Як ҳамин кофист агар гӯям:
Дастовези беҳину бебаҳояш
Аз ҳазоронсола таърихаш ҳамин илму китоб аст!
Баъд аз ин бар ҳарфи дигар нест ҳоҷат,
Дар шиносоии халқу миллати ман
Нест волотар аз ин ҳуҷҷат!
Бар суоли “Кист тоҷик?”
Қотеъу бебаҳс танҳо як ҷавоб аст:
Тоҷик он халқе, ки аз қаъри ҳазорон сол
Дастовези беҳини зиндагонияш китоб аст!!!