ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ-РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО. Оид ба он дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир гардид

Декабрь 30, 2024 16:00

КӮЛОБ, 30.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони «Паёми Президент-роҳнамои имрӯзу фардо» ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва устодону донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.

Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон иброз дошт, ки «муҷиби ифтихор ва шарафи мардуми тоҷик аст, ки ҳар сол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо фарогирии тамоми самтҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ба сифати дурнамои соли дигар ва роҳнамою ҳидоятномаи мардуми тоҷик пешниҳод мегардад. Баҳои баланди Президенти Тоҷикистон ба натиҷаҳои соли 2024, новобаста ба мураккабшавии вазъи сиёсии ҷаҳони муосир нишони он аст, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар муносибат ба равандҳои фаъолияти сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир ва махсусан минтақа хеле назаррас мебошанд. Ин муваффақият барои ворид шудан ба марҳилаи комилан наву дигаргунаи пешрафтҳо заминаи устувор мегузорад».

Гуфта шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки мавриди истиқболи гарму самимии мардуми мамлакат қарор гирифт, масоили ахлоқи инсонӣ, пешгирӣ аз офатҳои замони муосир, такмили маърифат ва андешаю ахлоқи башарӣ баён гардид. Андешаю афкори мондагори Пешвои миллат дар иртибот ба масъалаи ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, аз ҷумла шинохти қадри зан-модар, хизмат ба ин офаринандаи инсон бо шеваи хоси ҳакимонаю донишварона моро ба сӯйи ояндаи дурахшон ва зиндагии шоистаю инсонгароёна роҳнамун месозад.

Иброз гардид, ки  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари ҳуҷҷати муҳиму барномаи мукаммали сиёсати давлатӣ будан рамзи соҳибихтиёрию соҳибдавлатии тоҷикон ба ҳисоб рафта, вазифаҳо ва ҳадафҳои дар он пешбинигардида ба ояндаи дурахшони мамлакат ва зиндагии шоистаи мардум равона шудаанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳама соҳаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, алоқаманд ба ин вазифаҳои сатҳи гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ барои амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат барои оянда муайян карда шуданд.    Дар ин радиф Пешвои миллат таваҷҷуҳи мардумро ба роҳҳои дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоӣ боз ҳам беҳтар муаррифӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, зимнан таъкид намуданд, ки ба тарбияи ахлоқию маънавии насли наврасу ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳамзамон ҷалби онҳо ба азхуднамоии илмҳои дақиқу риёзӣ ва касби донишҳои наву замонавӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Декабрь 30, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст