Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо

Декабрь 19, 2024 11:29

ДУШАНБЕ, 19.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаро чӣ тавр бо хизматрасонии телекоммуникатсионӣ таъмин кардан мумкин аст, агар он аз шаҳр дур бошад? Роҳи ҳалро МегаФон Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Рушди инфрасохтор ба оператор имкон медиҳад, ки мизоҷони корпоративиро ҳатто дар ноҳияҳои душворгузар пайваст намояд. Дар бораи он ки алоқаи овозӣ ва интернети босуръати 4G чӣ тавр дар корхонаҳои дурдасти Тоҷикистон пайдо мешавад ва киҳо аз ин хизматрасониҳо истифода мебаранд, маълумот медиҳем.

Чӣ тавр?

Барои иншооти дурдаст кормандони алоқа имконияти гуногуни техникӣ доранд. Яке аз онҳо насби пойгоҳи базавӣ дар ҳудуди фармоишгар мебошад. Агар дар наздикӣ хати интиқоли неруи барқ мавҷуд набошад, оператор манбаъҳои алтернативии неру – аккумуляторҳо, генераторҳои дизелӣ ва батареяҳои офтобиро истифода мебарад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шояд мушкилоти дастраскунии таҷҳизот ба макони насбкунӣ ба амал оянд. Аммо дар ин ҷо низ муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» таҷрибаи зиёд доранд – ҳангоми набудани роҳҳо ҳайвонҳои боркаш ё чархболҳо истифода бурда мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо таҷҳизот ба кӯҳҳо ба таври дастӣ бурда расонида мешавад. Дар натиҷа ҳатто дар душворгузартарин мавзеъҳо хизматрасонии телекоммуникатсионӣ пайдо мешавад, ки равандҳои тиҷоратии мизоҷони корпоративии операторро дастгирӣ менамоянд.

Кӣ?

Ҳар минтақаи ҷумҳурӣ мисолу намунаҳои худро дорад. Ҳамин тариқ, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ МегаФон Тоҷикистон пойгоҳҳои базавиро барои Ширкати алюминийи тоҷик дар Турсунзода ва инчунин барои корхонаҳои истихроҷи тилло- «Заринк» ва «Пакруд» насб кард. Пойгоҳи нахустин дар Тавилдара воқеъ буда, барои расидан ба он беш аз 300 километр маҳалли бероҳро тай кардан лозим аст. «Пакруд» дар дараи Ромит ҷойгир буда, барои наздик шудан ба он зиёда аз 150 километр роҳи кӯҳиро тай кардан зарур меояд. Бо вуҷуди ин, ҳоло дар ин минтақаҳои душворгузар хизматрасониҳои алоқа мавҷуд ҳастанд.

Дар вилояти Суғд пойгоҳҳои базавӣ чанде пеш дар бузургтарин корхонаи истихроҷи тилло- «Зарафшон» дар Панҷакент насб карда шуданд. Зиёда аз 2 000 корманд ба интернети мобилӣ ва алоқаи овозӣ аз рӯи технологияи VoLTE дастрасӣ пайдо карданд, ки барои анҷоми зангҳо бе тарки шабакаи 4G имкон медиҳад. Инчунин пойгоҳҳои базавӣ барои корхонаҳои «Талко-Голд» ва «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» насб карда шуданд.

Дар вилояти Хатлон МегаФон Тоҷикистон корхонаи кимиёвии Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Азот», корхонаи Минтақаи озоди иқтисодиро дар Данғара бо хизматрасонии телекоммуникатсионӣ таъмин намуд. Дастрасӣ ба интернети баландсуръат ба фабрикаҳои нассоҷии минтақаҳои озоди иқтисодӣ  имкон дод, ки бо шарикон дар Чин робитаи доимӣ дошта бошанд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пойгоҳҳои базавии оператор дар Ишкошим ва Дарвоз кормандони ширкатҳои чиниро, ки ба сохтмони роҳҳо ва коркарди литий барои аккумуляторҳо машғул мебошанд, бо хизматрасонии телекоммуникатсионӣ таъмин менамоянд. Бакордарории пойгоҳҳои базавӣ иқдоми муҳим барои рушди инфрасохтори минтақа гардид, зеро пештар дар ин мавзеъҳо алоқа умуман вуҷуд надошт.

МегаФон Тоҷикистон – хизматрасонии телекоммуникатсионӣ барои тиҷорат дар дилхоҳ ноҳияи ҷумҳурӣ!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

 

 

Декабрь 19, 2024 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад