Президенти Тоҷикистон: «Омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад»

Декабрь 29, 2024 08:43

ДУШАНБЕ, 29.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди босуботи ҳамкории байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд.

Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки барои  таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаю барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳои қатъӣ андешад.

«Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳама пешравию пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунанд», — баён намуданд Президенти мамлакат.

Декабрь 29, 2024 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид