Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
ДУШАНБЕ, 21.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушторҳои дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд рухдодаро тафтиш намуда, аз дастгир шудани гумонбарон хабар медиҳад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷиноят кушода шуда, айни ҳол бо парвандаи ҷиноятӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердиев Солеҳҷон Набиевич, соли таваллудаш 1 январи соли 1998, сокини шаҳри Конибодом, Ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ, Тухтаев Аҳадҷон Насибҷонович, соли таваллудаш 10 майи соли 1997, сокини шаҳри Конибодом, Ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ, Равшанов Бахтиёр, соли таваллудаш 29 майи соли 1988, сокини шаҳри Конибодом, Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзор ва Одилов Манучеҳр Солиҷонович, соли таваллудаш 22 апрели соли 1996, сокини шаҳри Конибодом, Ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М. Абдуллоев дастгир гардиданд.
Фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати Роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, тафтишот идома дорад.
АКС: Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






