Саҳми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули илми ватанӣ мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули илми ватанӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва амнияти давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки «ҳамоиши имрӯза мавзуи муҳим ба ҳисоб рафта, дар рушди илми ватанӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, пешрафту ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши назаррас мегузорад. Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули илми ватанӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва амнияти давлатӣ хеле барҷаста мебошад».
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода гуфт, ки «саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот дар мамлакат, рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф беназир аст. Бешак, метавон гуфт, ки тамоми дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ном ва фаъолияти фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дорад».
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Саҳми Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории миллӣ ва таъмини амнияти давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ», «Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ-омили муҳимми рушди босуботи иқтисоди миллӣ», «Аккредитатсияи байналмилалӣ-омили муҳими рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» ва дигар мавзуъҳо маърузаҳои илмӣ-таҳлилӣ пешниҳод шуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш музокирачиён фикру андеша ва пешниҳодҳояшонро вобаста ба таҳкиму ташаккули илми ватанӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва амнияти давлатӣ баён намуданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон










Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






