САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 07.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон, Эрон ва Узбекистон «Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ» («Art of crafting and playing rubab/rabab») расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Рубоб сози торӣ ё мизробии мусиқӣ аст, ки дар байни халқҳои Шарқ, алалхусус тоҷикон маъмул аст. Бино ба маъхазҳои адабӣ, рубоб шакли қадимаи паҳлавии «Равода» буда, маънои «овози ҳазин бароваранда»-ро доштааст. Дар Шарқ ва Аврупои ғарбӣ бо шаклҳои рабоб, ребаб, ребак ва ғайра интишор шудааст.
Тибқи маъхазҳои таърихӣ, сози рубоб дар аҳди султон Муҳаммади Хоразмӣ дар Осиёи Марказӣ паҳн гашта, аз панҷ тор, ки чортои онҳо абрешимӣ ва яктояш нуқрагӣ мебошад, иборат аст.
Тавре мудири кафедраи эҷодиёти халқ-мусиқии созии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Тағоймурод Раззоқов иброз намуд, “то имрӯз ин соз бо мурури замон аз ҷиҳати сохт ташаккул ёфта, бо чанд намуд ба мо расидааст. Рубоби имрӯза тахминан аз асрҳои 17-18 бо шакли каме тағйирёфта ва зеботаре маъмул шудааст”.
Номбурда иброз дошт, ки мероси таърихию фарҳангии тоҷикон маҳсули ташаккули ин миллати қадимӣ ба шумор меравад. Он маҳсули тафаккур ва эҷоди тоҷикони тамаддунофар буда, таърихи миллати моро дар давраҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии ниёгон таҷассум менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои ниҳоят зиёд ба анҷом мерасонанд.
«Дар асрҳои пешин дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ рубобнавозон дар ҷашн, тӯй, сур ё дигар навъи хурсандӣ, яъне базм ҳунарнамоӣ карда, аз асбоби рубоб ба таври васеъ истифода мекарданд», -гуфт ӯ.
Ба ақидаи мусиқишинос Аслиддин Низомӣ, ин иқдом барои дар оянда ҳифз намудан ва инкишоф додани ин санъат, нахуст санъати омода сохтани ин сози маъруфи мусиқии тоҷикӣ ва ниҳоят барои рушди санъати иҷрогарии он низ мусоидат менамояд.
«Ҳоло тибқи иҷрои банди 4-уми Нақшаи чорабиниҳо, ки дар асоси Қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2023 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии устод-шогирд» пешбинӣ шудааст, солҳои 2025-2026 дар Тоҷикистон бояд лабораторияи махсуси илмӣ-истеҳсолии созтарошӣ таъсис дода шавад. Он аз ҷумла ба ҳалли масъалаи омода сохтани созҳои миллӣ – рубоб мусоидат менамояд»,- афзуд ӯ.
Ба андешаи Аслиддин Низомӣ, ин қарори таърихӣ дар маҷмуъ барои боз ҳам бештар ҷаҳонӣ шудани обрӯю нуфузи ин сози нодири мусиқии миллии тоҷикон ва ба наслҳои минбаъда интиқол додани арзишҳои бузурги мероси фарҳангӣ хизмат менамояд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, «таърихи қадимӣ, фарҳанги бою рангоранг, забон ва адабиёти пурғановати миллӣ, хештаншиносию худогоҳӣ ва дигар муқаддасот асоси ҳастӣ ва бақои миллат буда, ҳар миллати воҳид маҳз тавассути ҳамин арзишҳо ба тамаддун ва таърихи башарӣ ворид мегардад».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд






