Сарвазири Тоҷикистон бо роҳбари ҶДММ «Ширкати байналмилалии Течен оид ба захираҳои табиии ноҳияи мухтори Синзиян-Уйғур»-и Чин мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати байналмилалии Течен оид ба захираҳои табии ноҳияи мухтори Синзиян-Уйғур»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Хуан Тзсян Жунг мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкатҳои Чин дар робита ба коркарди маъдан ибрози назар карда шуд.
Бо ёдоварӣ аз фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» таъкид шуд, ки он бузургтарин ширкати муштарак дар самти коркарди маъдан ба ҳисоб меравад.
Ҷонибҳо бо ибрози қаноатмандӣ аз ҳамкорӣ изҳор доштанд, ки бо дарназардошти иқтидору захираҳо имкон аст доираи фаъолият аз ин ҳам бештар гардонида шавад.
Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки соли 2023 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд санги асоси навбати дуюми «Маҷмааи саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» гузошта шуд ва бо бунёди он истеҳсоли маъданҳои гуногун, аз ҷумла сурб, нуқра ва мис ба маротиб зиёд мегардад.
Ҳамзамон ҷонибҳо дар доираи татбиқи шартнома ва санадҳои ҳуқуқии байниҳамдигарӣ ибрози назар карда, тақвияти ҳамкориро барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии босуръати мамлакат муҳим арзёбӣ намуданд.