Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон мулоқот анҷом дод

Декабрь 18, 2024 19:39

ДУШАНБЕ, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон Мухтор Бобоев мулоқот намуд.

Дар мулоқот вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки дар доираи эҳтироми тарафайн амалӣ карда мешаванд, ибрози назар карда шуд.

Ҷонибҳо бо ибрози қаноатмандӣ аз ҳамкорӣ изҳор доштанд, ки бо дарназардошти иқтидору захираҳо имкон аст, ки доираи фаъолият, махсусан дар самти тиҷорату иқтисод, рӯзномаи иқлим ва рушди «иқтисоди сабз» аз ин ҳам бештар гардонида шавад.

Таъкид гардид, ки пойгоҳи ҳуқуқиву шартномавии ду давлат низ мукаммал буда, доираи васеи ҳамкории дуҷонибаро фаро мегирад.

Декабрь 18, 2024 19:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд