Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва умури Аврупоии Ҷумҳурии Хорватия мулоқот намуд

Декабрь 9, 2024 18:45

ДУШАНБЕ, 09.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири корҳои хориҷӣ ва умури Аврупоии Ҷумҳурии Хорватия Гордон Грлич Родман мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории мутақобилан судманд байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони талошҳои бештар дар рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷабҳа дар соҳаҳои афзалиятнок гардиданд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои Аврупо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хусусан саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, инчунин дар самтҳои рушди илму техника, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм имконоти фаровон дар ихтиёр дорад.

Бо ҳавасмандӣ аз татбиқи ҳар чӣ зудтари ҳадафҳои рушди ҳазорсола таъкид шуд, ки Тоҷикистон ва Хорватия дар мавриди аксари масъалаҳои муҳимтарини ҷаҳонӣ мавқеи ягона ё наздик доранд.

Мубодилаи сиёсӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид низ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду давлат арзёбӣ гардид.

Таъкид карда шуд, ки Хорватия дар Конфронси байналмилалӣ вобаста ба эълони Соли ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар сатҳи шоиста иштирок хоҳад намуд.

Декабрь 9, 2024 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид