Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони ИДМ иштирок ва суханронӣ намуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Рӯзномаи ҷаласа аз 10 масъала иборат буд ва роҳбарони ҳайатҳо дар доираи муҳокимаи ин масъалаҳо оид ба вазъи ҳамкории иқтисодии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор намуданд. Дар ҷаласа бо иштироки ҳайатҳои васеъ муҳимтарин масъалаҳои фарогири ҳамкории давлатҳои аъзои иттиҳод, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноату кишоварзӣ, гумрук, илму маориф, сайёҳӣ, фарҳанг ва тандурустӣ баррасӣ гардида, аз ҷумла Ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи гузариш ба маҷмааи рақамии нақлиётӣ тасдиқ карда шуд, ки фарогири рушди ҳамкорӣ дар ин бахш мебошад ва шароити заруриро барои дигаргуниҳои муосир ҷиҳати бунёди инфрасохтори рақамии нақлиёт фароҳам меоварад.
Роҳбарони ҳайатҳо доир ба масоили ҳамкории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бахши тараққиёти киштисозии гражданӣ ва истеҳсоли қисмҳои киштӣ, тайёр кардани кадрҳо барои хадамоти пенитенсиарии (хадамоти зиндон) кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, рушди ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи омӯзиш, истифода, ҳифз ва мониторинги обҳои зеризаминӣ барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он, бартарафсозии монеаҳо дар соҳаи тиҷорати давлатҳои аъзо, маблағгузории чорабиниҳои Барномаи байнидавлатии баланд бардоштани сифати зиндагии собиқадорони ҷанг ва аъзои оилаҳои онҳо дар кишварҳои аъзои ИДМ, ташкил ва рушди системаи муштараки мудофиаи зидди ҳавоии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таъмини фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи ҳавоии назди Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар бораи буҷети ягонаи макомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2025 ва дигар масъалаҳо табодули афкор карда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин Нақшаи ҳамкории башардӯстона байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои солҳои 2025-2026 қабул намуданд, ки аз 10 бахш, аз ҷумла беш аз 200 чорабинӣ иборат буда, ҳамоҳангсозии ҳамкории бисёрҷонибаро дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, иттилоот, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва маҳсулоти полиграфӣ, варзиш ва тарзи хаёти солим, сайёҳӣ ва кор бо чавонон фаро мегирад. Тибқи ин санад соли 2025 дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида ба 80-солагии Ғалаба Соли сулҳу ваҳдат дар мубориза бар зидди фашизм ва соли 2026 Соли ҳифзи саломатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои ИДМ санадҳои ниҳоӣ ба имзо расонида шуд.
Тибқи нақша ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи майи соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил









Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






