Смартфонҳои нави Huawei дар Дубай муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 14.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр дар шаҳри Дубай Huawei Consumer Business Group (CBG) якчанд маҳсулоти навро муаррифӣ намуд. Вобаста ба ин, смартфони пӯшидаи HUAWEI Mate X6, смартфонҳои силсилаи HUAWEI nova 13, гӯшмонакҳои HUAWEI FreeBuds Pro 4, гӯшмонакҳои Huawei FreeClip дар ранги нави тиллоии гулобӣ ва планшети HUAWEI MatePad 11,5 ба бозор пешниҳод шуданд. Ин маҳсулоти нав дар баробари хусусияти инноватсионӣ инчунин нишонаи рушди Huawei ва эҳтиёҷоти корбарон ба технологияи баландсифат мебошанд.
Смартфони Huawei Mate X6
Huawei Mate X6 — смартфони пӯшида бо камераи ултрареалистӣ, корпуси тунуку устувор ва модул- камераи бо 50 МП, линзаи ултра-кунҷии 40 МП ва линзаи телефото 48 МП таҷрибаи аксбардории беназирро таъмин мекунад. Технологияҳои инноватсионӣ дар ин смартфон қадами дигар ба ояндаи смартфонҳои пӯшида мебошанд. Смартфон бо истифода аз технологияи муосир, рангҳои сурху сиёҳ ва мувофиқ ба завқи корбарон омода шудааст.
Смартфонҳои нави силсилаи HUAWEI nova 13 бо чанд навоварии ҷолиб фарқ мекунанд. Онҳо дорои текстураи герметикӣ мебошанд, имконияти такмилёфтаи зумро дар камераи пеш бо масофаи гуногуни фокусӣ ва технологияҳои ба зеҳни сунъӣ асосёфта дастгирӣ мекунанд. Мисли дастгоҳҳои насли қаблии Huawei nova смартфонҳо ба корбарони ҷавон технологияҳои пешрафта ва тарҳи муосири беназирро пешниҳод мекунанд. Тарҳи смартфонҳои силсилаи Huawei nova 13 аз ороиши плаидӣ, ки дар либос ва лавозимот истифода мешаванд, илҳом гирифтааст. Текстураи махсус бо истифода аз технологияҳои пешрафта дар сатҳи нано сохта шуда, рамзи талош барои таҳияи қарорҳои ҷасури услубӣ ва усулҳои нави истеҳсолот мебошад. Геометрия дар ороиш иллюзияи ҳаракатро ба вуҷуд меорад.
Хусусияти асосии камераҳои смартфони HUAWEI nova 13 татбиқи технологияи беназири зум бо масофаи гуногуни фокусӣ ҳам дар камераҳои асосӣ ва ҳам дар камераҳои пешӣ аст. Ба туфайли он аксҳои портретӣ боз ҳам калонтар ва равшантар шуданд. Дар смартфони HUAWEI nova 13 Pro камераи такмилёфтаи 50 мп бо диафрагмаи танзимшаванда (f/1.4–f/4.0) мавҷуд аст, ки ба таври худкор арзиши заруриро вобаста ба шароити наворбардорӣ интихоб мекунад. Технологияи XD Portraitggine, ки аз ҷониби Huawei таҳия шудааст, имкон медиҳад, ки сифати аксҳоро дар як вақт аз рӯи якчанд параметр — шакл, нур, ранг ва норавшанӣ оптимизатсия кунад.

Дар смартфонҳоиин силсилабори аввал функсияи интихоби кадр бо ифодаи беҳтарини чеҳра дар асоси зеҳни сунъӣ пешниҳод карда мешавад.Бо гирифтани якчанд аксҳои портретӣ корбаронметавонанддар онҳо беҳтарин ифодаи чеҳрароинтихобкунанд.
Гӯшмонакҳои HUAWEI FreeBuds pro 4
Гӯшмонакҳои HUAWEI FreeBuds pro 4 идомаи қонунии хати гӯшмонакҳои бесими Huawei шуданд. Ин аввалин гӯшмонакҳо бо дастгирии технологияи HUAWEI SOUND мебошанд, дастгоҳ садои бе талаф ва имконияти беҳтаршудаи паст кардани садоро бо сохтори такмилёфта дастгирӣ мекунад. Сифати баланди садо, инчунин бо истифодаи ду нурдиҳандаи динамикӣ таъмин карда мешавад.
Гӯшмонакҳои HUAWEI FreeBuds pro 4 интиқоли аудиои беталафро бо суръати ултрабаланди 2,3 Мбит/с таъмин мекунанд, ки ин нисбат ба 1,5 Мбит, ки аз гӯшмонакҳои насли қаблӣ таъмин карда шудааст, беҳбудии назаррас аст. Инчунин дастгоҳ интиқоли садои баландсифатро тавассути Bluetooth бе талаф ва фишор дар доираи 48 кГц/24 бит кафолат медиҳад.

Инчунин гӯшмонакҳои HUAWEI FreeBuds pro 4 сифати баланди садоро ҳангоми зангҳо таъмин мекунанд, зеро онҳо бо истифода аз алгоритми бекоркунии садои huawei дар асоси зеҳни сунъӣ, системаи се микрофон ва сенсори гузариши устухон то 100 дБ садои бегонаро нест мекунанд.
Гӯшмонакҳои Huawei FreeClip
Гӯшмонакҳои HUAWEI freeclip намунаи комили омезиши технологияҳои пешрафта бо консепсияҳои навтарини дизайни дастгоҳҳои пӯшида мебошанд. Дар сохтори онҳо пайвасткунаки C-Bridge Design истифода мешавад. Яъне, он барои гӯши корбар мутобиқ карда шуда, мувофиқати бароҳатро таъмин мекунад.
Ғайр аз тағйирот дар намуди зоҳирӣ инчунин гӯшмонакҳои HUAWEI FreeClip хусусияти дигар, ба монанди алгоритми танзими басдинамикӣ, идоракунии ҳаракати сар ва огоҳиномаҳо дар бораи афтиданро ба даст оварданд. Агар гӯшмонак аз гӯш лағжад, дар он сигнал садо медиҳад ва инчунин огоҳинома дар смартфон нишон дода мешавад. Акнун корбарон метавонанд бароҳат бошанд ва аз гум шудани гӯшмонак хавотир нашаванд.
АКС: HUAWEI










Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд






