«Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид. Стратегияи миллии об 29 ноябр зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мутобиқи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия шудааст. Стратегияи миллии об принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, ҳадафҳои дарозмуддати стратегии идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, самтҳои асосии фаъолият оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об бо назардошти манфиатҳои тамоми истифодабарандагони об ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, инчунин муҳофизат аз таъсири манфии об дар шароити тағйирёбии иқлим муайян менамояд.
Стратегия ба таъмини татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар соҳаи об равона гардидааст.
Стратегияи миллии об қабул ва татбиқи қарорҳо оид ба такмили қонунгузории амалкунандаи об, сохтори институтсионалии идоракунии захираҳои об, банақшагирӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои оби ҳавзаҳои дарёҳо, сарфаи об, пешгирии таъсири манфии об, афзоиши сармоягузорӣ ва маблағгузории соҳаи об, беҳтар намудани таъмини иттилоотии соҳаи об, барқарорсозӣ ва бунёди инфрасохтори таъмини об ва санитария, баланд бардоштани сатҳи бехатарии иншооти гидротехникӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҳамкории самарабахш байни иштироккунандагони муносибатҳои обро пешбинӣ менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






