Тақвияти ҳамкорӣ дар самти рушди IT паркҳо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр вохӯрии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкориро дар самти рушди IT паркҳо дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хабар доданд.
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ дар тамоми ҷумҳурӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» ёдовар шуд.
Зимни вохӯрӣ ба муҳимияти истифодаи таҷрибаи самтҳои қобили таваҷҷуҳ, аз ҷумла табодули таҷриба дар самти «ҳукумати электронӣ», амнияти иттилоотӣ, гузариши рақамӣ ва ҷалби ширкатҳои амрикоӣ ишора карда шуд.
Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тақвияти ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҷонибҳо барои пайгирии масъалаҳои баррасишуда ва андешидани тадбирҳои амалӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






