Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Москва

Декабрь 28, 2024 15:38

ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия кормандони сафорат ва намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия пахши мустақими телевизионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва хабар медиҳад, дар Паёми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро аз натиҷаҳои бадастомада ва дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳифзу таъмини амнияти миллӣ ва пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ мавриди баррасӣ ва вазифагузорӣ қарор доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таъкид амуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳарсолаи стратегии давлат мебошад, ки дар он ҷамъбасти натиҷаҳои рушди кишвар дар соли сипаригашта арзёбӣ гардида, самтҳои авлавитҳои рушди мамлакат дар соли оянда тарҳрезӣ карда мешавад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва

Декабрь 28, 2024 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Комиссияи синамои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид