Тоҷикистон барои мусоидат ба фаъолияти минбаъдаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ омода аст

Декабрь 4, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 04.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон барои мусоидат ба фаъолияти минбаъдаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ омода аст. Дар ин хусус зимни вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад М. Хон изҳор карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба натиҷаҳои ҷаласаи 28-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, инчунин роҳҳои густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи ин созмон ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки соли 2024 Тоҷикистон мизбони се нишасти сатҳи баланд дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ буд, ки онҳо дар ҳамгироии минтақавӣ нақши муҳим доштанд.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрӣ 3 декабр дар ҳошияи ҷаласаи 28-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 4, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд