«ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!». Бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр ба муносибати 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандону масъулини Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, масъулини кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, раисони кумитаву ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Қабл аз баргузории ҳамоиш роҳбарияти ҳизб бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми ҳизби роҳбарикунандаро дар ҷомеа тавассути фаъолияти пурсамар, талоши ҳифзу татбиқи манфиатҳои бунёдии мардуми ин сарзамин дар шароити тақдирсози таърихӣ, ки ҷасорату матонати бемислро тақозо мекарданд, ба даст овард. Боиси ифтихори мо аст, ки Сарвари муаззами ҳизбамон дар лаҳзаҳои хеле ҳассосу тақдирсози таърихӣ масъулияти бузурги таҳкими пойдевори низоми нави давлатдориро бар дӯш гирифта, бо ташаббуси қабули қарорҳои қатъӣ ва раҳнамоии мардум барои татбиқи онҳо давлатамонро дар муддати аз фарози фурсати таърихӣ кӯтоҳтарин ба суботи комил оварда расониданд», — иброз дошт муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни ифтитоҳи ҳамоиш.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки тавре Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштаанд, мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб сарҷамъу муттаҳид кардани миллати тоҷик ва тамоми неруҳои созандаю солимфикри ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстию ватанпарварии мардуми мамлакат аст, ки ба хотири бунёд намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ пешрафта ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар шаҳрванди мамлакат талош варзанд.
Яке аз омилҳои ҳамеша дар атрофи арзишҳою идеяҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона муттаҳид шудани мардуми мамлакат аз он иборат аст, ки онҳо аз таҳти дил дарк менамоянд, ки ин арзишҳою идеяҳо аз суннатҳои накӯи миллӣ ва арзишҳои маънавӣ сарчашма мегиранд. Яъне талошҳои дар канори мардум будани ҳизб танҳо ба хотири ба даст овардани бартарии сиёсӣ набуда, балки чунин амал аз пойдевори боварӣ ва фарҳанги маънавию сиёсии масъулони ҳизб бармеояд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд, ки дар ҳама давру замон неруҳои ташаббускору пешбаранда барои расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ, ки аз хизмати софдилонаю содиқона ба халқу сарзамин сарчашма мегирад, рӯйи майдони сиёсӣ омада, бо барномаю нақшаҳои бунёдию созанда захираҳои ақлонӣ ва маънавиро дар худ муттаҳид месозанд. Фаъолияти ташкилоти сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нишони олии ин гуфтаҳо мебошад.


Дар идомаи ҳамоиш ба як зумра собиқадорон ва фаъолони ҳизб медали ҷашнии «30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» тақдим карда шуд.
Инчунин ба ғолибони аксияи ҷумҳуриявии «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!» Диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аксияи ҷумҳуриявии «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!» бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Ҳадафи он тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, идеяҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақши истиқлол дар ташаккули аркони давлатдории навини тоҷикон, арҷгузорӣ ба хизматҳои бузургу таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳамин тариқ ҷойи якум дар аксияи ҷумҳуриявии «Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш!» насиби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҷойи дуюм насиби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҷойҳои сеюм насиби кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳои Хатлону Суғд гардид.
Ҳамзамон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Роғун» барои иштироки фаъолона бо Диплом сарфароз гардонида шуданд.
Дар вазъияти тантанавӣ инчунин ғолибони озмунҳои даври шаҳрии ҳизбии «Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ», «Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ», «Беҳтарин раиси ташкилоти ибтидоӣ», «Беҳтарин вакил», «Беҳтарин таблиғотчӣ», «Беҳтарин корманд», «Беҳтарин хабарнигор», «Беҳтарин собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», «Кӯчаи беҳтарин», «Хонаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Гулгашти беҳтарин», «Боғи беҳтарин», «Майдончаи варзишии беҳтарин» бо Диплом ва туҳфаҳои кумитаи тадорукот қадрдонӣ шуданд.
Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаш гардид.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе


















Маросими ҷаноза ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе гузоштани қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат
Беш аз 21 ҳазор ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолии Тоҷикистон саҳм мегузоранд
Форуми байналмилалии малакаҳои Тоҷикистон–2026 доир мегардад
Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
ПЕШГИРӢ АЗ ХУШУНАТ–ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ОИЛАИ СОЛИМ. Дар ин мавзуъ бо сокинони Файзобод вохӯрӣ доир шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир шуд
ОГОҲӢ! 18-20 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мегардад
Соли 2026 дар Ёвон 6 маротиба намоиши ҷойи кори холии доимӣ ва мавсимӣ баргузор гардид
«СУРУДИ ҶАВОНӢ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғҳои пойтахт барномаҳои идона баргузор мегарданд
«ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ». Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон силсилавохӯриҳо доир мешаванд
Оид ба иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд






