Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 07.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025 Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025, ки дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, таҳти шиори «Ташкили ҷомеаи оянда барои ҳаёти мо» иштирок менамояд. Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024 «Дар бораи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон» ба тавсиб расид.
«Бо ин мақсад дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон таъсис дода шавад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли амалии масъалаҳои ташкилии Намоишгоҳи мазкур дар муддати як моҳ Дирексияи экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон таъсис диҳад», — чунин омадааст дар ин қарор.
АКС аз бойгонӣ








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






