Тоҷикистон ва Қатар таҳкими ҳамкориро дар самти энергияи «сабз» баррасӣ намуданд

Декабрь 16, 2024 13:27

ДУШАНБЕ, 16.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори генералии навтаъйини Фонди Қатар доир ба рушд Фаҳад Ал-Сулайтӣ мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар медиҳад, дар мулоқот таҳкими соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва масъалаҳои вобаста ба имконияту иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи «сабз» ба таври муфассал баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо вобаста ба сафари ҳайати фонд бо роҳбарии директори генералии он ба Тоҷикистон барои шиносоӣ бо иқтидори гидроэнергетикии мамлакати мо ба мувофиқа расиданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар

 

Декабрь 16, 2024 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид