То соли 2100 яхҳои Антарктида метавонанд чоряк ҳисса коҳиш ёбанд

Декабрь 23, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 23.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Майдони яхбаста дар Антарктида то соли 2100 чоряк ҳисса коҳиш хоҳад ёфт, агар партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, ки ба андешаи коршиносон сабаби гармшавии глобалӣ гардидаанд, дар сатҳи кунунӣ боқӣ монанд. Ба чунин хулоса мутахассисони Агентии давлатии Ҷопон оид ба илм ва технологияи уқёнус ва замин (JAMSTEC) омадаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ.

Масоҳати қабати яхбастаи Антарктида, таъкид шудааст дар гузориши онҳо, ҳоло тақрибан 12 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад. Он шуруъ аз соли 2016 коҳиш меёбад, ки ба гармшавии иқлим вобаста аст.

Мутахассисони JAMSTEC дар компютер тарзҳои гуногуни тағйир додани вазъияти яхбандии Антарктидаро дар зери таъсири консентратсияи гази карбон ва метан дар атмосфера ҳисоб карданд. Агар ҳаҷми партовҳои кунунӣ идома ёбад, тибқи ин сенария, то соли 2100 мизони гази карбон дар атмосфера нисбат ба сатҳи кунунӣ якуним баробар афзоиш хоҳад ёфт. Ин боиси кам шудани чоряк ҳиссаи майдони яхҳо мегардад.

Агар на дертар аз соли 2040 барои маҳдуд кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера тадбирҳои муассир андешида шаванд, ҳамзамон коҳиши қабати яхбандӣ тадриҷан қатъ мешавад,-тасдиқ менамоянд мутахассисони JAMSTEC.

АКС: АЗЕРТАҶ

Декабрь 23, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад