22 январ дар Тоҷикистон борону барф меборад
ДУШАНБЕ, 21.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйир ёфта, бориши борон ва барф дар назар аст. Инчунин фаромадани туман ва дар роҳҳои кӯҳӣ яхбандӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд.
Дар водиҳо бориши борон, барф ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ асосан бориши барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман пешгӯӣ шуда, дурии биниш то 500 метрро ташкил медиҳад.
Дар шоҳроҳҳои мошингарди кӯҳӣ пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ дар назар аст. 21-23 январ дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма эҳтимол дорад.
Дар робита ба тағйир ёфтани вазъи ҳаво Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 21 то 23 январ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, қаторкӯҳи Ҳисор ва роҳҳои Душанбе-Чанок, Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Лахш, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим фаромадани тарма ва сангрезӣ дар назар аст.
Барои таъмини амнияти ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок постгоҳҳои сайёр ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти роҳсозии IRS ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд.
Кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонон даъват мекунад, ки аз сафар ба роҳҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, шикор, моҳидорӣ ва рафтан ба минтақаҳои дорои хатари тармафароӣ худдорӣ намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






