Ҷаласаи 7-уми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти боркортаъминшавӣ» доир гардид

Январь 23, 2025 11:31

ДУШАНБЕ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 7-уми Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалисозии лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти боркортаъминшавӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси кумита- Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар медиҳад.

Зимни ҷаласа ба аъзои кумита оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳа, вазъи сохтмони бинои Маркази рушди малакаҳо дар шаҳри Душанбе, баргузории даврҳои омӯзишӣ ва раванди ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ иттилоъ дода шуд.

Омӯзиш дар марказҳои касбомӯзӣ, хизматрасонӣ ва марказҳои рушди малакаҳо тибқи методологияи таълим дар асоси салоҳият гузаронида мешавад.

Методологияи таълим дар асоси салоҳият (ТАС) — методологияи навовар буда, сифати баланди омодасозии мутахассисони коргариро барои фаъолияти меҳнатӣ тавассути ба даст овардани дониш, малака, маҳорати зарурӣ, яъне салоҳият, ки дар шароити корӣ барои иҷрои супоришҳо ва ҳалли масъалаҳо дар ҳолатҳои стандартӣ ва муҳити тағйирёбанда талаб карда мешаванд, таъмин менамояд.

Муҳим он аст, ки ин методология муносибати масъулиятноки  кормандро барои иҷрои босифати кор ташаккул медиҳад. Яъне тибқи методологияи таълим дар асоси салоҳият зимни омодасозии коргар ба маҷмуи дониш, малака, маҳорат ва муносибат аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Аъзои кумита барои мусоидат ба ҷалби шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз соҳаҳои гуногун ба касбомӯзӣ дар марказҳои касбомӯзӣ,  хизматрасонӣ ва марказҳои рушди малакаҳо изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 23, 2025 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид