ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар хоҷагии ниҳолпарварии шаҳри Панҷакент беш аз 57 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда парвариш мешавад

Январь 22, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар Хоҷагии фаръии давлатии ниҳолпарварии шаҳри Панҷакент беш аз 57,7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, аз қабили навъҳои гуногуни себ, нок, биҳӣ, шафтолую зардолу, олуболу, гелос, чормағз, бодом ва ангур парвариш мешаванд, ки беш аз 30 ҳазор бехи он ниҳолҳои ду ва сесола мебошанд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад, ки  дар хоҷагӣ ҳамчунин беш аз 18 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану оришии 2 ва 3-сола барои шинонидан омода мебошанд.

Роҳбарияти шаҳри Панҷакент зимни шиносоӣ бо фаъолияти Хоҷагии фаръии давлатии ниҳолпарварии шаҳри Панҷакент  ба масъулини хоҷагиҳои ниҳолпарварии давлатӣ ва хусусӣ барои ба фурӯш омода намудани ниҳолҳо маслиҳат доданд. Ҳамчунин ба раёсати кишоварзии шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот дастур дода шуд, ки аз рӯзҳои мусоид истифода намуда, дар канори шоҳроҳ ва дигар минтақаҳо шинонидани ниҳолҳои сӯзанбарг ва сояафканро тибқи маслиҳати мутахассисон ва қоидаҳои агротехникӣ вусъат бахшанд.

Ҳоло дар хоҷагии ёрирасони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент беш аз 10 ҳазор бех ниҳолҳои шамшод, туя, маҷнунбед, навъҳои гуногуни дарахтони сӯзанбарг, гул ва павловния парвариш шуда, як қисми он барои шинонидан омода аст.

Бояд гуфт, ки Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар Тоҷикистон  аз моҳи январ то март идома меёбад.

АКС: Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Январь 22, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд