ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. «Тоҷикниҳолпарвар» беш аз 2 миллион бех ниҳол барои фурӯш омода намудааст
ДУШАНБЕ, 12.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 405 ҳазору 810 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва ҳамешасабз барои фурӯш омода гардидаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» саркишоварзи корхона Мирзо Ворисов иброз намуд, ин ниҳолҳо аз пайванди тирамоҳии соли 2024 омода гардидаанд. Аз ин ниҳолҳои омодагардида 1 миллиону 645 ҳазору 981 бех дарахтони мевадиҳанда, 155 ҳазору 136 бех ниҳоли ток, 62 ҳазор 651 бех дарахти тут (барои рушди кирмакпарварӣ), 462 ҳазору 896 бех ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз, 32 ҳазор бех гули садбарг, 11 ҳазору 370 бех дарахтони нодир ва дигар навъҳо мебошанд.
Ҳадаф аз зиёд намудани майдони боғу ток таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, корхонаҳои коркард бо ашёи хом, рушди содиротии мамлакат, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ, таъсис додани ҷойи нави кор, татбиқи иқтисоди «сабз», сабзазоркунӣ, ҳалли мушкилоти экологӣ, пешгирии гармшавии иқлим, таназзули заминҳои кишоварзӣ ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера мебошад.
Имрӯзҳо боғпарварони мамлакат усулҳои нави боғдории ҳозиразамонро истифода намуда, боғҳои суперинтенсивӣ ва интенсивӣ бунёд мекунанд. Инчунин ниҳолҳои сертификатсияшудаи навъҳои дарахтони мевадиҳандаи минтақабобу серҳосил ва ба тағйирёбии иқлим устувор, аз лиҳози иқтисодӣ самаранокро вобаста ба талаботи бозори содиротӣ бештар менамоянд. Зеро иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки майдонҳои боғу токзори ҳосилнокиашон баланд аз ҳисоби ниҳолҳои сертификатсияшудаи навъҳои серҳосил бунёд ва барқарор карда шаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»