ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Омӯзгорони ноҳияи Мастчоҳ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 2000 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан шинониданд
ДУШАНБЕ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамовозӣ ба Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ беш аз 2000 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Дар ҷамъомади пеш аз маъракаи ниҳолшинонӣ таъкид гардид, ки ин ташаббус ҷузъи муҳими сиёсати экологӣ ва ободонии Ватан мебошад. Омӯзгорон бо шинонидани ин ниҳолҳо на танҳо саҳми худро дар сабзгардонии муҳити зист мегузоранд, балки барои наврасону ҷавонон намунаи ибрат мешаванд.
Омӯзгорон ва шогирдони муассисаҳои таълимӣ мақсад гузоштаанд, ки бо чунин иқдомҳои созанда ба беҳтар шудани муҳити зист ва рушди минтақа саҳм гузоранд.
Чунин чорабиниҳо дар доираи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва татбиқи нақшаҳои амал оид ба ободонию сабзгардонӣ идома доранд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бозгӯи он аст, ки ҳамкории ҷомеа дар ҳалли масоили муҳими экологӣ торафт густариш меёбад ва саҳми ҳар як фарди ҷомеа барои ҳифзи табиат беназир аст.
Чанде пеш дар доираи ин иқдоми сабзгардонии табиат дар шоҳроҳ беш аз 2500 бех ниҳол шинонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд






