Ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд

Январь 11, 2025 16:30

ЁВОН, 11.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории таблиғотии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия нуктаҳои асосии  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тафсир доданд. Дар ин хусус  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон итилоъ доданд.

Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон аз мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бохабар гардида, иброз доштанд, ки Президенти Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём нисбат ба кормандони сохторҳои буҷетӣ ғамхориҳои зиёд зоҳир менамоянд.

Бояд гуфт, ки  бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии мамлакат  рушд намуда, барои кормандон беҳтарин шароити корӣ муҳайё гардидааст. Беморхонаю марказҳои саломатӣ бо таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардидаанд, ки ба сари вақт ташхису табобат  кардани беморон ва шифо ёфтани онҳо мусоидат менамоянд.

Иброз гардид, ки тандурустӣ дар баробари дигар соҳаҳо дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мақоми хосса дошта, дар ин самт  пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ишора карда шуд, Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар 33 соли соҳибистиқлолӣ ба ғайр аз таъмиру таҷдиди муассисаҳои мавҷудаи соҳаи тандурустӣ бо истифода аз ҳама имконият 3076 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд. Соли 2025 дар мамлакат барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2024   840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон барои тавзеҳ додани нуктаҳои асосӣ ва мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки фоъолону собиқадорон ва олимону кормандони сохторҳои давлатӣ силсилавохӯриҳоро  бо кормандони сохторҳои давлатӣ, донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбии ноҳия, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва сокинони деҳот оғоз намудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Январь 11, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАТАНДӮСТӢ ВА МАВҚЕИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР ПАЁМ. Дар ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ беҳсозии ҳаёти ҷавонон таъкид гардидааст»
Дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ асоси ислоҳот дар соҳаи маориф аст
Ба сокинони деҳаи Офтобрӯяи ноҳияи Файзобод моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фаҳмонида шуд
ХИШТИ АВВАЛ ЧУН НИҲАД МЕЪМОР КАҶ… Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зиёд намудани теъдоди муассисаҳои томактабӣ таъкид гардид
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом мерасад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Мубориза бо хурофот ва ҷаҳолат рисолати шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон аст
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оғози марҳилаи рушди инноватсия мебошад
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд