Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд

Январь 15, 2025 17:20

ШАҲРИНАВ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ дар Ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав бо мақсади шарҳу тавзеҳ додани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо сокинон ва кормандони соҳаҳои гуногун ҷамъомад доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои солҳои оянда муайян шуда, роҷеъ ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2024-ро барои мардуми шарафманди мамлакат соли неку бобарор арзёбӣ намуданд. Зеро дар ин сол бо шарофати заҳматҳои содиқонаю созандаи мардум раванди созандагию ободкорӣ идома ёфта, нақшаю барномаҳои пешбинигардида барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ гардиданд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки раванди минбаъдаи созандагию ободкориро барои рушду пешрафти мамлакат ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум боз ҳам тақвият бахшем.

Ҳамчунин дар ҷамъомад доир ба масъалаҳои сабзазоркунӣ, тозагии маҳал, риоя ва иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ, яхобмонӣ, башаклдарории дарахтон, тозаю васеъ намудани каналу заҳбур ва ҷӯйборҳо сухан гуфта шуд.

Ёдовар мешавем, ки суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳринав дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ идома меёбанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Январь 15, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тавзеҳ дода шуданд
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд