Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лакноуи Ҳиндустон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 январ ректори Донишгоҳи Лакноуи Ҳиндустон Алок Кумар Рай бо фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода меҳмононро бо таърихи донишгоҳ, дастовардҳои таълимӣ ва илмии он, инчунин нақшаҳои стратегӣ дар самти рушди ҳамкории байналмилалӣ шинос намуд.
Таъкид карда шуд, ки ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Лакноу метавонад на танҳо барои ҳар ду донишгоҳ, балки барои тақвияти муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон аҳамияти бузург дошта бошад.
Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои мулоқот ба рушди таълим ва илм дар ҳар ду мамлакат саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Алок Кумар Рай омодагии Донишгоҳи Лакноуро барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни таълим ва тадқиқоти илмӣ, инчунин коркарди лоиҳаҳои муштарак изҳор дошт.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ва иҷрои амалҳои муштарак, ба монанди таҳияи барномаҳои таълимӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин баргузор намудани конфронсҳои илмии байналмилалӣ, ба созиш омада, шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд






