Дар деҳаҳои Сариқошу Лангари ноҳияи Нуробод толору майдончаи варзишӣ бунёд мегардад
НУРОБОД, 05.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони майдончаи варзишии замонавӣ ва толори варзишӣ дар деҳаҳои Лангар ва Сариқоши ноҳияи Нуробод оғоз гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод иттилоъ доданд.
Ин муассисаҳои соҳаи варзиш бо саҳми ҷавонони деҳот, соҳибкорон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд мегарданд.
Корҳои сохтмонӣ дар қисмати болопӯши толори варзишӣ аз ҷониби сокинону ҷавонони фаъоли деҳаи Сариқош идома дошта, масъулин нақша доранд, ки дар муҳлати пешбинишуда толори варзиширо мавриди истифода қарор диҳанд.
Бо саҳми соҳибкори ватандӯст Сафаралӣ Акбаров ва саҳми сокинону ҷавонони деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Меҳробод пули мошингарди ин деҳа таъмиру навсозӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод бунёду навсозии 257 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз инҳо то имрӯз 177 иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шуда, дар боқимонда иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






