Дар Душанбе Форуми олимону пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузор намудани форум таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба ва дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаи илму фановарӣ, муттаҳид намудани неруи илмии олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ дар доираи як барнома мебошад.
Пеш аз оғози форум олимону пажуҳишгарони Эрон бо намоиши дастовардҳои олимону пажуҳишгарони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос шуда, ба дастовардҳои олимону муҳаққиқон баҳои баланд доданд.
Бояд гуфт, ки муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ саҳми назаррас гузошта, дар самтҳои гуногун соҳиби дастовардҳои арзишманд гардидаанд. Натиҷаи ҳама ин дастовардҳо маҳз таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои олимону пажуҳишгарон тамоми шароиту имконияти мавҷударо фароҳам овардаанд.
Сипас кори форум оғоз гардида, дар он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки солҳои охир густаришу таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон тақвият ёфт. Ҳамкории гуногунҷанба бо ин ҷумҳурии дӯсту ҳамзабон аз сиёсати дӯстонаи роҳбарони ду мамлакат сарчашма мегирад.
Дар доираи ин ҳамкорӣ олимону пажуҳишҳгарони ду давлати ҳамзабон пайваста дар якҷоягӣ таҳқиқоти илмӣ гузаронида, таъриху фарҳанги бою ғании хешро зинда нигоҳ доштаанд. Ҳамин аст, ки осори пурмуҳтавои олимону бузургони тоҷику форс аз қадим байни оламиён машҳур гардида, дар байни ҳаводорони шеъру адаб ҷойгоҳи махсус касб намудааст.
Дар форум масъалаҳои таҳлил ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои муштараки илмӣ, мусоидат ба ҳамгироии самараноки илмӣ дар Тоҷикистон ва Эрон, таҳия ва лоиҳаҳои нави илмӣ, гузаронидани экспедитсияҳои якҷояи илмӣ, мусоидат ба паҳн намудани таҷрибаи истеҳсолот дар соҳаи илм дар Тоҷикистон ва Эрон бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди таҳқиқоти илми бунёдӣ ва таҳияи тадбирҳо оид ба ҷорӣ намудани натиҷаи онҳо дар самти илми муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид шуд, ки мо бояд дар оянда дар масъалаи ба даст овардани созишнома оид ба самтҳои афзалиятноки якҷояи таҳқиқоти илмӣ, ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои муштараки илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба даст овардани мавқеи мувофиқ доир ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаи илмӣ табодули афкор намуда, дар ин самт ҳамкории илмиро тақвият бахшем.
Дар идома олимону пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон маъруза намуда, оид ба дурнамо ва рушди ҳамкории илмию таҳқиқотии ҷонибҳо сухан намуданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
Тоҳир САИДЗОДА (АКС),
АМИТ «Ховар»























«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид
Дар Эрон Фестивали байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ шуданд
Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбанд
Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба 60 ҳазор оилаи шаҳри Панҷакент тақдим мегардад






