Дар Душанбе «Маҳфили ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони мо нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар вохӯрие, ки бо роҳбарони навтаъйини «Маҳфили ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд» ба таври маҷозӣ дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки вохӯрӣ бо роҳбарони навтаъйини маҳфил қадами муҳим барои тақвияти робитаҳо байни ҷавонони тоҷике аст, ки дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари аҳамияти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ инчунин аҳамияти махсуси ахлоқию тарбиявӣ дорад. Зеро Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба ҷавонон рӯ оварда, пайваста онҳоро ба ҳифзи Ватан, Истиқлолияти давлатӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ, бархӯрдор будан аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ, донишандӯзӣ, донистани техникаю технологияи навтарин, интихоби касбу ҳунарҳои муосир даъват ва ҳидоят мекунанд ва ба онҳо мафҳуми истиқлолияту ваҳдати миллиро баён менамоянд. Ҳамчунин онҳоро пайваста аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир огоҳ менамоянд.
Ҳамзамон чанд ҷавон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ сухан намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон барои ғамхорию дастгирии пайваста изҳори сипос намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






