Дар Душанбе машваратҳои Тоҷикистон ва Русия дар масоили муқовимат ба таҳдиду хатарҳо баргузор шуд

Январь 21, 2025 11:33

ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 январ дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар масъалаҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, машваратҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Федератсияи Русия Сергей Вершинин роҳбарӣ намуданд.

Зимни машваратҳо табодули афкори судманд атрофи ҳамкории ду давлат дар таъмини амният ва суботи минтақавӣ доир  гардид. Таваҷҷуҳи хосса ба фаъолияти муштараки Тоҷикистон ва Русия дар масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳо дар ҳошияи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар абзорҳои бисёрҷониба зоҳир карда шуд.

Дар чорабинӣ инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду давлат иштирок намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 21, 2025 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид