Дар Хатлон барои ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ 1 миллиону 858 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон соли 2025 барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври вилоятии се озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 1 миллиону 858 ҳазор сомонӣ мукофот ҷудо намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар асоси қарори Раиси вилояти Хатлон барои баргузор намудани даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 463 ҳазору 670 сомонӣ, «Илм – фурӯғи маърифат» 800 ҳазору 230 сомонӣ ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 594 ҳазору 100 сомонӣ муайян гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2023-2024 2695 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 987 медал (аз ҷумла 68 медали тилло, 217 медали нуқра ва 702 медали биринҷӣ) ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2023 61 медал зиёд мебошад.
Имсол дар вилоят Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардидааст. Ҳадаф аз ин иқдом зиёд намудани шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳама зинаҳои таҳсил, донишҷӯёну магистрантҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад






