Дар Хатлон барои ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ 1 миллиону 858 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд

Январь 30, 2025 15:49

ДУШАНБЕ, 30.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  соли 2025 барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври вилоятии се озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 1 миллиону 858 ҳазор сомонӣ мукофот ҷудо намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар асоси қарори Раиси вилояти Хатлон барои баргузор намудани даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 463 ҳазору 670 сомонӣ, «Илм – фурӯғи маърифат» 800 ҳазору 230 сомонӣ ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 594 ҳазору  100 сомонӣ муайян гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2023-2024   2695 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 987 медал (аз ҷумла 68 медали тилло, 217 медали нуқра ва 702 медали биринҷӣ) ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2023  61 медал зиёд мебошад.

Имсол дар вилоят Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардидааст. Ҳадаф аз ин иқдом зиёд намудани шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳама зинаҳои таҳсил, донишҷӯёну магистрантҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Январь 30, 2025 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун доир шуд
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳномахонӣ» оғоз гардиданд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ноҳияи Варзоб даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор шуд
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид