Дар Москва ҷаласаи Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид

Январь 25, 2025 09:36

ДУШАНБЕ, 25.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 январ бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Раиси Шурои ҷамъиятии назди Сафорат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷаласаи шуро баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласа роҳбарияти Сафорат, консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Русия, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар, роҳбарони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, аҳли зиё ва доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим иштирок карданд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими нақши мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, ҳусни ҳамҷаворию дӯстӣ дар минтақа, муносибатҳои иттифоқӣ ва фарогири дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия ба аҳли нишаст маълумоти муфассал дод.

Ҳамзамон Раиси Шуро роҷеъ ба чанд қарору қонун дар бораи вазъи шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки соли 2024 дар Федератсияи Русия дар сатҳи федералӣ қабул гардида буданд, сухан гуфт. Таъкид гардид, ки баъзе санадҳои гуфташуда соли равон қувваи қонунӣ пайдо намуда, ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ аз намояндагиҳо ва роҳбарони ташкилоти ҷамъиятӣ даъват ба амал оварда шуд, ки талаботи Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 30.12.2024 “Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии баъзе категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия вобаста ба татбиқи низоми ихроҷ” ва дигар навгониҳои ҷоришуда барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти ҳамватанон, корҳои фаҳмондадиҳӣ байни шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарчи зудтар гузаронида шаванд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин аз дастовардҳои назарраси даврони истиқлолияти давлатӣ ёдрас шуда, аз ҳамватанони муқими Русия даъват намуд, ки барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкории иқтисодию фарҳангӣ, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва меҳанпарастӣ бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб саҳм гузоранд.

Зимни ҷаласа ҳисоботи консулҳои генералӣ ва аъзои Шурои ҷамъиятӣ дар робита ба корҳои анҷомёфта дар соли 2024 дар ин самт шунида шуданд. Инчунин дар чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Дар фарҷом роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанон даъват шуданд, ки дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободонию  созандагӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин ба мақсади дар сатҳи шоиста истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат  фаъол бошанд.

Ҷаласаи Шуро бо сарфарозгардонии фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия ба сипосномаҳои Сафорат, ки дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд, анҷом ёфт.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Январь 25, 2025 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид
Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Эрон истиқбол менамояд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Малдив эътимоднома супорид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи иқтисоду тиҷорат баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Амрико ва Исроилро ба иншооти ҳастаии Эрон қатъиян маҳкум мекунад
Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид
Дар Корея аз иқдомҳои Тоҷикистон дар самти мубориза бо биёбоншавӣ ва хушкӣ ёдовар шуданд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Венесуэла баргузор шуд