Дар Москва бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 брифинг баргузор гардид

Январь 23, 2025 10:23

ДУШАНБЕ, 23.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ  Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бинои Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд, ки дар доираи он бахшида ба раёсати мамлакат дар ин Иттиҳод брифинг баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар медиҳад, дар брифинг Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Намояндаи ваколатдори мамлакат дар ин комиссия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи онро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Тарафҳо дар зимн беш аз даҳ масъалаи рӯзномаи ҷаласаро, ки самтҳои мухталифи равобити бисёрҷонибаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро танзим менамоянд, мавриди баррасӣ қарор дода, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Январь 23, 2025 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид