Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши паёмҳои Президенти Тоҷикистон таъсис мешавад

Январь 28, 2025 15:18

ДУШАНБЕ, 28.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода иттилоъ дод.

Иброз гардид,  ки ин маркази омӯзишӣ барои донишҷӯён таъсис дода мешавад, то  муҳтавои паёмҳои Президенти Тоҷикистонро, ки инъикосгари самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ мебошанд, ҳамаҷониба омӯзанд.

Бояд гуфт, ки аз 21 декабри соли 2022 бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат мавриди истифода қарор дорад.

Тавре директори Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ Ҷамолиддин Шарифзода иброз намуд, дар ин марказ барои омӯзиши таҷрибаи нодири мактаби давлатдории Пешвои миллат  пажуҳиши илмӣ гузаронида мешавад. Ба марказ магистрантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯёне, ки корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар самтҳои гуногун доир ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҳаёти сиёсии мамлакат анҷом медиҳанд, ҷалб мегарданд.

Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат осори банашррасидаи Президенти Тоҷикистон ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корномаҳои Пешвои миллатро инъикос менамоянд, ҷамъоварӣ шудаанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 иброз намуданд, «дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкории байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд».

Дар робита ба ин супориши Президенти Тоҷикистон  ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, ки «омили асосии баланд бардоштани сифати таҳсил- ин таъмини пурраи донишҷӯён дар дарс мебошад. Имрӯз гуфта метавонем, ки иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ҳамарӯза 92 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар донишгоҳ барои баланд бардоштани сифати таҳсил ба масъалаи таъмини пурраи китобҳои дарсӣ, лексияҳои дарсӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, таъмини технологияи муосири таълим ва синфхонаҳои электронӣ диққати аввалиндараҷа равона мегардад».

Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки устодони донишгоҳ тамоми саъю кӯшиш ва донишу малакаашонро ба пешбурди фаъолияти муназзами таълимӣ, илмию инноватсионӣ, тарбиявию идеологӣ ва анҷом додани таҳқиқоти илмии арзишманд барои пешрафти мамлакат равона намудаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар» 

 

 

Январь 28, 2025 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд