Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Боғи Мурод» ифтитоҳ ёфт

Январь 8, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 08.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Боғи Мурод» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Кӯдакистон дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ бо беҳтарин шароит ба фаъолият оғоз кард. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз 5 гурӯҳи синусолӣ иборат буда, ба он кӯдакони аз 1,5 то 6-сола қабул карда мешаванд.

Дар саҳни кӯдакистон чор айвончаи замонавӣ ва мавзеъҳои муҷаҳҳаз барои бозии кӯдакон бунёд гардидаанд. Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Боғи Мурод» бо беҳтарин шароит мавриди истифода қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистон барои 450 кӯдак пешбинӣ шуда, ба кӯдакон дар баробари машғулияти таълимӣ инчунин забонҳои англисӣ, русӣ, фанни математика, мусиқӣ, омодагӣ ба мактаб, инкишофи нутқ ва таэквондо омӯзонида мешаванд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 20 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам гардид. Ошхонаи кӯдакистон бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, бо тамоми маҳсулот таъмин мебошад.

Ин муассиса дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ дар шаҳри Душанбе дар марҳилаи якум (солҳои 2022-2024)» сохта, ба истифода дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, як муассисаи томактабӣ бунёд намоянд.

Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошта барои фарогирии 50 фоиз кӯдакони синни томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Январь 8, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Бе донистани забони адабии тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ номумкин аст»
Дар Душанбе доир ба саҳми Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ҳамоиши илмӣ доир гардид
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид