Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд доир ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ҳамоиш доир шуд

Январь 3, 2025 11:33

ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд доир ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ва пешгирӣ аз беҳудагардию беназоратӣ дар байни онҳо ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Самтҳои фаъолият оид  ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, пешгирии беҳудагардию беназоратӣ  ва даст ба ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ задани онҳо, ҳамоҳангӣ ва фаъолияти дастҷамъона бо мақсади пешгирӣ намудани амалу рафторҳои ношоиста байни ноболиғону ҷавонон аз мавзуъҳои асосии ин ҳамоиш буданд.

Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ Мансур Бухоризода ба иштирокчиён- намояндагони мақомоти ба таълим ва тарбияи ноболиғон вобастаи шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба Низомномаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуквайронкунии ноболиғон, ки ҳамоҳангсози он Вазорати корҳои дохилӣ мебошад маълумот дод.

Гуфта шуд, ки гурӯҳи корӣ мақоми доимамалкунандаи машваратии байниидоравие мебошад, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, таъсиси механизми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, муҳайё сохтани шароити муносиб барои аз ҷиҳати мусбат инкишоф ёфтани ноболиғон ва дигар паҳлуҳои ба ҳаёти наврасон алоқаманд бо мақсади таъмини талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» таъсис дода шудааст.

Мавқеи назоратӣ ва фаъолияти дастҷамъона имконият медиҳад, ки масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак таъмин ва ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ҳифз карда шавад.

Таъкид гардид, ки ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илму маърифат, ташкили машғулияту мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо метавонад дар оянда насли солиму созанда ба камол расонад. Табодули таҷриба бо дигар шаҳру ноҳияҳо, ташкили вохӯриҳо байни ҷавонон, сафарҳои саёҳатии якҷоя ба минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, шиносоӣ ба ҷараёни хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои тарғиботӣ барои  дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани насли оянда ба мақсад мувофиқ мебошанд.

Ба андешаи масъулин, муҳимияти аз роҳи хатою кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ баргардонидан ноболиғону ҷавонон дар он ифода меёбад, ки дар оянда идораи ҷомеа ба дасти насле меафтад, ки андешаи солим дорад ва пайваста барои ҳифзи муҳити солим ташаббус менамояд.

«Таваҷҷуҳ намудан ба сифати таълиму тарбияи ноболиғон ва назорати ҳаёти беруназмактабии онҳо низ ҳамчун омили рушддиҳандаи қобилияти зеҳнӣ ва одат кардани наврасон ба зиндагӣ дар доираи қонун мебошад»,-таъкид шуд дар ҷаласа.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 3, 2025 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд