Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд доир ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд доир ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ва пешгирӣ аз беҳудагардию беназоратӣ дар байни онҳо ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Самтҳои фаъолият оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, пешгирии беҳудагардию беназоратӣ ва даст ба ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ задани онҳо, ҳамоҳангӣ ва фаъолияти дастҷамъона бо мақсади пешгирӣ намудани амалу рафторҳои ношоиста байни ноболиғону ҷавонон аз мавзуъҳои асосии ин ҳамоиш буданд.
Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ Мансур Бухоризода ба иштирокчиён- намояндагони мақомоти ба таълим ва тарбияи ноболиғон вобастаи шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба Низомномаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуквайронкунии ноболиғон, ки ҳамоҳангсози он Вазорати корҳои дохилӣ мебошад маълумот дод.
Гуфта шуд, ки гурӯҳи корӣ мақоми доимамалкунандаи машваратии байниидоравие мебошад, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, таъсиси механизми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, муҳайё сохтани шароити муносиб барои аз ҷиҳати мусбат инкишоф ёфтани ноболиғон ва дигар паҳлуҳои ба ҳаёти наврасон алоқаманд бо мақсади таъмини талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» таъсис дода шудааст.
Мавқеи назоратӣ ва фаъолияти дастҷамъона имконият медиҳад, ки масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак таъмин ва ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ҳифз карда шавад.
Таъкид гардид, ки ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илму маърифат, ташкили машғулияту мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо метавонад дар оянда насли солиму созанда ба камол расонад. Табодули таҷриба бо дигар шаҳру ноҳияҳо, ташкили вохӯриҳо байни ҷавонон, сафарҳои саёҳатии якҷоя ба минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, шиносоӣ ба ҷараёни хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои тарғиботӣ барои дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани насли оянда ба мақсад мувофиқ мебошанд.
Ба андешаи масъулин, муҳимияти аз роҳи хатою кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ баргардонидан ноболиғону ҷавонон дар он ифода меёбад, ки дар оянда идораи ҷомеа ба дасти насле меафтад, ки андешаи солим дорад ва пайваста барои ҳифзи муҳити солим ташаббус менамояд.
«Таваҷҷуҳ намудан ба сифати таълиму тарбияи ноболиғон ва назорати ҳаёти беруназмактабии онҳо низ ҳамчун омили рушддиҳандаи қобилияти зеҳнӣ ва одат кардани наврасон ба зиндагӣ дар доираи қонун мебошад»,-таъкид шуд дар ҷаласа.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






