Дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз омодагӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз ва вусъатбахшии корҳои ободонию созандагӣ дар ҷаласаи кумитаи тадорукоти Иди байналмилалии Наврӯз бо ҳузури роҳбарияти вилояти Суғд баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор рафта, бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Наврӯзро чун иди баҳор ва эҳёи табиат дар бисёр кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷашн мегиранд.
Бо назардошти аҳамият ва мақоми иди аҷдодӣ ҳамасола барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасдиқ гардида, чорабинию ҳамоишҳои гуногун гузаронида мешаванд.
Ба аъзои кумитаи тадорукоти Иди байналмилалии Наврӯз барои таҳия, тасдиқ ва таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо, корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррам намудани муҳити зист, ташкили сайру гашт ва барномаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳо, насби шиору овезаҳо ва омода сохтани иншооти ҷашнӣ супориш дода шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






