Дар Тоҷикистон скутерҳо ба қайд гирифта шуда, бо рақами давлатӣ таъмин карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз моҳи январи соли 2025 ронандагони воситаҳои нақлиёти Тоҷикистонро якчанд тағйирот интизоранд, аз ҷумла, скутерҳо ба таври ҳатмӣ ба қайд гирифта мешаванд. Соҳибони скутерҳо бояд воситаи нақлиёти худро дар қайд гузошта, рақами давлатӣ бигиранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре масъулин иброз доштанд, ин амал барои пешгирии садамаҳои эҳтимолӣ ва баҳисобгирии нақлиёт дар мамлакат зарур аст. Агар суръати скутерҳо аз 40 км/соат зиёд бошад ва ҳаҷми муҳаррик 50 кубро ташкил диҳад, онҳоро ба қайд гирифтан зарур аст.
Инчунин тамоми воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон бояд соле як маротиба аз муоинаи техникӣ гузаранд. Дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳо дар бораи гузаштан аз санҷиш ё сари вақт нагузаштани он нисбат ба ронанда ҷарима таъйин шуда, истифодаи минбаъдаи мошин дар роҳҳои Тоҷикистон манъ карда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд






