Дар Тоҷикистон зиёда аз 21 навъи маводу масолеҳи тармимгарӣ омода карда мешавад
ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон зиёда аз 21 навъи маводу масолеҳи тармимгарӣ барои тармим, таҳким ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихии мамлакат омода карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Маводу масолеҳи тармимгарии ватанӣ дар айни замон дар тармим, таҳким ва барқарорсозии ёдгориҳои Хоҷа Нақшрони шаҳри Турсунзода (асрҳои XI – XII) ва ёдгории меъмории асрҳои XI – XIV дар деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент васеъ истифода мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки масолеҳи истеҳсолгардидаи ватанӣ нисбат ба масолеҳи воридотӣ камхарҷ буда, тамоми маҳсулоти соҳавӣ айнан нухсабардорӣ мегардад ва дар хумдони махсус пухта мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз мушкилоти назаррас, ба монанди сари вақт дастрас нашудани маводу масолеҳи тармимгарӣ боиси ба таъхир афтидани тармим, таҳким, барқарорсозӣ ва навсозии ёдгориҳои таърихию меъмории ҷумҳурӣ мегардид.
Имрӯз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ бархе аз мушкилоти мавҷударо бартараф намояд ва ба ҷойи маводу масолеҳи сохтмонии воридотӣ, аз қабили хиштҳои пухта, кошиҳои рангаву гулдор ва ғайра маҳсулоти ватанӣ истеҳсол намояд. Ин кор дар солҳои соҳибистиқлолӣ беназир буда, минбаъд Агентӣ дар барқарорсозии ёдгориҳои мамлакат аз масолеҳи ватанӣ истифода менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзу барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат, инчунин муаррифии онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст.
Самтҳои фаъолияти Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногун буда, яке аз муҳимтарини онҳо ҳифз, тармим, таҳким ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






