Дар Тошканд ҳамкории минтақавии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи обу энергетика баррасӣ гардид

Январь 28, 2025 15:32

ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати кунунӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ дар самти обу энергетика дар Тошканд дар ҷаласаи роҳбарони мақомоти обию энергетикии  Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди муносибати давлатҳо ёдовар шуда, иброз намуд, ки «дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим ва афзоиши талабот ба неруи барқ ҳамкорӣ дар ин соҳа аҳамияти бештар касб мекунад. Он барои мубодилаи таҷриба, муҳокимаи лоиҳаҳои муштарак ва таҳияи стратегияҳое, ки ба идоракунии устувори захираҳои об ва истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ нигаронида шудаанд, имконияти беназир фароҳам меорад».

Далер Ҷумъа ҳамзамон изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохтории соҳаи энергетика, ки ба нафъи тамоми минтақа мебошанд, изҳори ҳавасмандӣ менамояд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 28, 2025 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд