Дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даври якуми таҳсил оғоз гардид

Январь 3, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 03.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали моҳи январи соли 2025 дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми омӯзишӣ оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, раёсатҳои навъи қӯшунҳои Қувваҳои мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва дар тамоми ҷузъу томи Артиши миллии ҷумҳурӣ ҷамъомаду машғулияти тантанавӣ баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи мамлакат хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар робита ба оғози даври якуми омӯзишӣ дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Зимни он сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ-муовини якуми Вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзода доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натиҷагирӣ аз даври дуюми омӯзишӣ ва ҳадафу моҳияти мавзуъҳои машғулияти даври якуми омӯзишӣ изҳори назар кард. Мавсуф аз хизматчиёни ҳарбии ҳама зинаҳо дар самти омӯзишу аз бар намудани таълимоти ин давр муносибати ҷиддӣ талаб намуд.

Бояд гуфт, ки вазъи ноустувору зудтағйийрёбандаи ҷаҳони муосир имрӯз аз ҳар хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимии ҷангӣ, ҳушёриву зиракӣ ва масъулияти баланду муносибати ҷиддиро дар самти иҷрои вазифаю уҳдадориҳои хизматӣ тақозо мекунад. Зеро тақвият бахшидани тамоми самту соҳаҳои Қувваҳои мусаллаҳ ба баланд гардидани иқтидори мудофиавии мамлакат таъсири бевосита мерасонад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҷамъомаду машғулияти даври якуми омӯзишӣ муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъи қӯшунҳо, сардорон ва ҳайати шахсии раёсату шуъбаҳо ва хадамоти алоҳидаи дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, комиссарони ҳарбӣ, командирони қисмҳои низомӣ, афсарону сарбозон ва дар маҷмуъ хизматчиёни ҳарбии ҳама сатҳу зинаҳои Артиши миллӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳамасола дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду даври омӯзишӣ пешбинӣ гардидааст, ки яке аввали моҳи январ оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад. Даври дуюм аз якуми июл шуруъ гардида, дар даҳаи сеюми моҳи ноябр ҷамъбасту натиҷагирӣ карда мешавад. Ҷараёни машғулияти назариявӣ ва ҳам амалии ду даври омӯзишӣ таҳти назорати роҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гузашта, зимни ҷамъбаст натиҷаи он таҳлилу баррасӣ ва ба сатҳи иҷрои талаботи таълимоти даврҳои таҳсил баҳо гузошта мешавад.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 3, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид