Дар вилояти Суғд бо собиқадорони меҳнат вохӯрӣ баргузор шуд

Январь 2, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 02.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024  дар вилояти Суғд  барои хизматрасонии тиббии собиқадорон беш аз 200 ҳазор сомонӣ  сарф карда шудааст. Аз буҷети вилоятӣ барои харидорӣ намудани роҳхатҳо беш аз 162 ҳазор сомонӣ  ҷудо гардида, дар давоми сол 56 нафар эҳтиёҷмандон дар осоишгоҳҳо саломатии худро барқарор намудаанд. Дар ин хусус  зимни вохӯрии Раиси  вилояти Суғд бо собиқадорони меҳнат иттилоъ дода шуд.

Тавре  АМИТ «Ховар»  бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар вохӯрӣ  маълумот дода шуд,  ки  айни замон  дар вилоят миқдори умумии нафақагирон  260 ҳазору 782 нафар буда, беш аз 12 ҳазору 450 нафарашон фаъолияти меҳнатӣ доранд. Аз ин шумора 302 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошанд.

Изҳор гардид, ки ташкилоти собиқадорони вилояти Суғд 18 ташкилоти шаҳриву ноҳиявӣ ва 285 ташкилоти ибтидоии собиқадоронро муттаҳид менамояд. Имрўз бештар аз 2800 нафар фаъолон вазифаҳои ҷамъиятиро дар ташкилотҳои собиқадорон иҷро менамоянд.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Иброз гардид, ки Шўрои собиқадорони вилоят бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият намуда, дар амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар тарбияи насли наврас дар рўҳияи садоқат ба Ватану ватандорӣ, меҳнатдўстӣ, густариши ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ нақши шоиста мегузорад.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки собиқадорони вилоят дар рушди босуботи мамлакат, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими суботу осоиштагӣ ва тарбияи маънавии насли фардосози миллат, яъне ҷавонону наврасон минбаъд низ саҳми намоён  мегузоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 2, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст