ДАРАХТ БИНШОН! Дар заминҳои таълимӣ-таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ шинонида шуданд

Январь 18, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 январ дар заминҳои таълимӣ-таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷуфтгардонӣ оғоз гардид. Ҳамчунин бо истифода аз ҳавои мусоид дарахтони таҷрибавии мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, шуруъ аз моҳи ноябр маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфта, то ба анҷом расидани фасли баҳор идома меёбад.

Бояд гуфт, ки дар заминҳои таълимӣ-таҷрибавӣ муҳаққиқони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, унвонҷӯëну магистрантон ва докторантону аспирантон корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида, ҳамзамон самараи дилхоҳ ба даст меоранд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 18, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд