Дастаи футболбозони шаҳри Хоруғ соҳиби Ҷоми раиси вилоят гардид
ДУШАНБЕ, 05.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол барои дарёфт намудани Ҷоми Раиси вилоят дар байни идораю муассисаҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ доир карда шуд. Дар ин бозӣ дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Дар мусобиқа 18 даста иштирок намуда, дастаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ ба бозии ниҳоӣ баромаданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо Ифтихорнома, Ҷом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон дарвозабони беҳтарин, бозингари беҳтарин ва нишонзани беҳтарин низ бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






