Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Туркия аввалин бозии санҷишӣ доир намуд

Январь 16, 2025 09:26

ДУШАНБЕ, 16.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар Туркия нахустин бозии санҷишӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

15 январ рақиби дастаи мо дастаи мунтахаби ҷавонони «Манавгат Беледиеспор»-и Туркия (U-19) буд. Бозӣ ба фоидаи наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии навбатии санҷишии худро дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия 17 январ ба муқобили тими ҷавонони «Шахтёр»-и Украина (U-19) анҷом медиҳад.

Инчунин дастаи мо бо ҳамсолони худ аз Кувайт (21 январ) ва бо дастаи Академияи «Краснодар» (23 январ) қувва месанҷад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 16, 2025 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид