ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) машқҳои дастҷамъиро дар Туркия ҷамъбаст намуд

Январь 24, 2025 13:55

ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Марко Раҷини ҷамъомади дуҳафтаинаро дар Анталия (Туркия) анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии санҷишии охирин дар доираи ҷамъомади таълимию тамринии Туркия бар ҳамсолони худ аз Академияи «Краснодар» (4:0) пирӯзии калон ба даст овард.

Барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ҷамъомади таълимӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳи «D» дастаҳои Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ мебошанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 24, 2025 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид